Мутахассиси комиссариати ҳарбии ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор Аюбов Файзалӣ Раҷабалиевич бо истифода аз мақоми хизматӣ барои тайёр карда додани билети ҳарбии корношоям аз шаҳрванд «А» 5000 сомонӣ талаб кардааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Аюбов Файзалӣ Раҷабалиевич баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд.

Вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбати Аюбов Файзалӣ Раҷабалиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here