Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки далелҳое мавҷуданд, ки дар ташхисгоҳи Вуҳани Чин омода шудани коронавирусро нишон медиҳад. Вай Пекинро ба пинҳон кардани маълумот атрофи коронавирус айбдор кардааст.
Помпео, ки қаблан директори Агентии марказии кашшофии ИМА буд, ин иддаоро пас аз он иброз намуд, ки Агентии миллии кашшофӣ техногенӣ ва генетикӣ будани коронавирусро рад кард.
Пештар, The Daily Telegraph гузориш дода буд, ки Ҳукумати Чин маълумот дар бораи хуруҷи коронавирусро пинҳон ва нест кардааст. Трамп низ гуфта буд, ки Чин бояд барои ин амал ба ҷавобгарӣ кашида шавад.