Суди шаҳри Шелкова нисбати се корманди шӯъбаи полиси Линейнови ВКД-и Русия, ки ба муҳоҷири тоҷик ҳуҷум карда, планшеташро гирифтаанд, ҳукм баровард.
Айбдоршавандагон дар истгоҳи «Митиши» ба як муҳоҷири тоҷик, ки дар хоб буд, ҳуҷум карда, планшет ва телефони мобилии ӯро рабудаанд. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Москва» бо такя ба бахши равобит бо ҷомеаи Кумитаи нақлиёт хабар додааст. Гуфта мешавад, ки ин қазия моҳи декабри соли 2016 дар истгоҳи қатораи самти Маскав-Ярослав-Монино рух додааст.
Ин се корманди поли тибқи моддаи 161 КҶ ФР (Дуздии моли бегона) ва моддаи 268 КҶ ФР айбдор дониста шудаанд. Дар рафти бозпурсӣ айдоршавандаҳо ба ҷинояти содиркардаи худ пурра иқрор нашудаанд.
Дар натиҷа, аз ин се нафар яке ба мӯҳлати ду солу се моҳ, дуюмӣ ду сол ва сеюмӣ ба мӯҳлати як солу ҳашт моҳ аз озодӣ маҳрум шудаанд.