Мақомоти қудратӣ изҳороти муфтии пешини Қирғизистон Чубак Ҷалиловро дар бораи ҳамсари дуюм ва даъваташ ба бисёрҳамсариро таҳқиқ мекунад.
Тавре ВКД-и ин кишвар хабар медиҳад, тафтиш ба бисёрҳамсарӣ рабт дорад. Моддаи 153-и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон барои бисёрҳамсарӣ то ду соли зиндон пешбинӣ кардааст.
Чандн пеш муфтии пешини Қирғизистон Чубак Ҷалилов дар як навори Youtube хабар дод, ки ҳамсари дуюм дорад. Ӯ гуфтааст, ки «ҳамсари аввал албатта зид мебарояд, вале ӯ ба ин ҳақ дорад”.
Ба қавли муфтии собиқ, ӯ талош мекунад, ки қонунҳои кишварро риоя кунад, аммо Қирғизистон ҳамзистиро манъ накардааст. “Тибқи қонун, бисёрҳамсарӣ дар ҳолати зиндагии муштарак бо ду ва ё зиёда аз он зан ва пешбурди хонадории муштарак манъ аст. Зиндагии ҷудогона манъ нашудааст. Одамон бо маъшуқаҳо ва ё занҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Зиндагии муштарак ва ё никоҳи шаҳрвандӣ дар қонун пешбинӣ нашудааст”, — гуфтааст муфтии пешин.
Ҷалилов ҳамчунин ба онҳое, ки имконият доранд, машварат медиҳад, ки зани дувум бигиранд. “Ҳатмӣ нест ҳамаи мардон ин корро бикунанд”, — афзудааст ӯ.