Футболбозони ҳайати ҷавонони дастаи футболи «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент дар мусобиқаи ҷумҳуриявии «Тӯби чармин» сазовори ҷои 3-юм ва як нафар бозингари ин даста ба тими мунтахаби ҷавонони кишвар пазируфта шуд.

Дар ин бора мурабии дастаи мазкур Одил Бобоев иттилоъ дод.

Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Тӯби чармин» аз 13 то 17-уми ноябр байни ҷавонони синну соли таваллудашон 2000-2001 баргузор гардидааст.

Искандаршоҳ Бобоев, фарзанди овозхони шинохтаи Тоҷикистон шодравон Олим Бобоев дар мусобиқаи «Тӯби чармин» бозигари беҳтарин дониста шуда, ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон қабул гардидааст.

Дастаи футболи «Зарафшон» дар Лигаи якуми мамлакат ҳунарнамоӣ менамояд, ва дар рӯйхати ҷадвали мусобиқот дар ҷойи охир қарор гирифтааст.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here