Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи Ассотсиатсия футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2019-U16) пирӯзии сеюмро ба даст овард ва бо 10 имтиёз мавқеи худро дар садри ҷадвал мустаҳкам кард.

Дар вохӯрии чорум наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Эрон 3 голи беҷавоб заданд. Голҳоро Кабир Салимшоев (2 гол) ва Суннатулло Азизов  ба ҳадаф расонданд.

Дар бозиҳои дигари даври чорум Узбекистон низ ба дарвозаи Афғонистон 3 голи беҷавоб зад. Дар бозии дигар Туркманистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии чор давр дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ба даст овардани 10 имтиёз пешсаф аст. Узбекистону Афғонистон бо 7-холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм мавқеъ доранд. Туркманистон 3 имтиёз дорад, Қирғизистон 1 хол ба даст овардааст.

Дар даври ҷамъбастӣ фардо, 1-уми август, соати 20:30, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Афғонистон вомехурад. Барои ба даст овардани унвони чемпионӣ наврасони моро ҳисоби мусовӣ қонеъ мекунад. Соати 18:00 бошад, Эрон муқобили Қирғизистон ва Туркманистон бо Узбекистон бозӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here