Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи Ассотсиатсия футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2019-U16) пирӯзии дуюмро ба даст овард ва бо 7 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт.

Вохӯрии сеюми шогирдони Аҳлиддин Турдиев дирӯз бо наврасони Туркманистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, ки бо ҳисоби 3:0 бар нафъи соҳибони майдон анҷом ёфт. Голҳоро Сунатулло Азизов (дақиқаи 59), Муҳаммадворис Саидалиев (67) ва Хусрав Тоиров (70+4) заданд. Дар вохӯрии якум наврасони Тоҷикистон бо дастаи Узбекистон мусовӣ (1:1) ва бар дастаи Қирғизистон ғалаба (2:0) карданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон низ 7 имтиёз дорад ва бо далели камтар будани таносуби тӯбҳояш дар зинаи дуюм аст. Бачаҳои Афғонистон дирӯз бо натиҷаи 1:0 бар дастаи мунтахаби Эрон ғолиб омаданд. Эрон бо 6 имтиёз дар зинаи сеюм аст.

Дирӯз наврасони Узбекистон низ ғалаба карданд, ки ин аввалин пирӯзиашон дар ин мусобиқа аст. Онҳо бо натиҷаи 3:2 ҳамсолони қирғизи худро шикаст доданд.

Имрӯз наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Эрон вомехуранд. Ин бозӣ соати 18:00 дар Душанбе оғоз мешавад. Дар ҳамин соат дар Ҳисор наврасони Узбекистон ва Афғонистон бозӣ мекунанд. Соати 20:30 дар Душанбе вохӯрии охирини ин давр бо иштироки дастаҳои Қирғизистон ва Туркманистон баргузор мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here