Дастаи мунтахаби олимпии духтарони футболбози Тоҷикистон (U-23) дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар варзишгоҳҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуд, пайҳам ду пирӯзӣ ба даст овард.
Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Футболбозодухтарони тоҷик дар даври аввал аз дастаи мунтахаби Эрон шикаст (0:4) хӯрданд, дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон мусовӣ (0:0) карданд. Сипас, дар бозии сеюм дастаи Афғонистонро бо натиҷаи 5:1 мағлуб карданд.
Дар даври навбатӣ футболбозони тоҷик бо дастаи Туркманистон бозӣ карданд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мо хотима ёфт. Голҳоро дар нимаи аввал Некубахт Худододова ва Рафина Нормуратова заданд.
Дастаҳои Узбекистон ва Эрон дар бозии асосии даври чоруми чемпионати CAFA-2019 дидор карданд. Дар як ин бозӣ, ки ҳалкунанда ба ҳисоб мерафт, футболбозони Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.
Ҳамин тариқ, пеш аз ба охир расидани чемпионати CAFA-2019 ғолиби мусобиқа муайян карда шуд. Дастаи Ӯзбекистон, ки аз 12 имтиёзи имконпазир 12 хол ба даст овард, ғолиб аст. Дар ҷои дуюм дастаи мунтахаби Эрон (9 имтиёз) ҷойгир аст. Духтарони Тоҷикистон, ки 7 имтиёз доранд, дар зинаи сеюманд.
Вохӯриҳои охирини ин мусобиқа фардо баргузор мешаванд. Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Туркманистон бо Қирғизистон ва Эрон ба Афғонистон бозӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар байни дастаҳои олимпии занони то 23-сола дар як давр баргузор мешавад.