Ду намояндаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии бокс дар даври аввал пирӯз шуданд ва фардову рӯзи дигар дар даврҳои минбаъда барои комёбии нав талош хоҳанд кард.

8-уми сентябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия Чемпионати ҷаҳонии бокс миёни мардҳо оғоз гардид, ки то 21-уми сентябр идома меёбад. Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) хабар медиҳад, ки дар чемпионат 365 варзишгар аз 78 кишвар дар 8 вазн:  -52кг, -57кг, -63кг, -69кг, -75кг, -81кг, -91кг ва +91кг, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Бахтовар Сагизов (-57кг), Баҳодур Усмонов (-63кг), Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-75кг) варзишгароне ҳастанд, ки бо роҳбарии сармураббӣ Мирзо Шамсиев Тоҷикистонро дар чемпионат намояндагӣ мекунанд.

Дар даври аввал Шаббос Негматуллоев бар Лиридон Нуҳа аз Шведсия ва Баҳодур Усмонов бар Александ Железняк аз Украина дастболо шуданд. Ду муштзани дигари мо Мирзомуҳаммад Бахтиёр аз ҳарифи амрикоияш Ҷавиа Мартинез ва Бахтовар Сагизов аз намояндаи Марокаш Муҳаммад Ҳамоут мағлуб ва аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.

Дар даври дуюм фардо, 14 сентябр, Баҳодур Усмонов муқобили Туғрул Эрдемир аз Туркия ба ринг мебарояд. Шаббос Негматуллоев бошад, 15 сентябр бо Абдураҳмон Салоҳи мисрӣ ҳарб мекунад.

Дар акс Баҳодур Усмонов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here