Баҳодур Усмонов, варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Осиё-2019, баъд аз як пирӯзии дигар ба даври сеюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳонии бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия идома дорад, роҳ ёфт.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг дар даври дуюм бар намояндаи Туркия Туғрул Эрдемир бо нокаутӣ техникӣ ғалаба кард. Ӯ дар даври аввал бар варзишгари Украина Александр Железняк дастболо шуда буд. Ҳарифи Баҳодур дар даври навбатӣ варзишгари Фаронса Софиан Оумиҳа мебошад. Ин набард 17-уми сентябр баргузор мешавад.

Софиан чемпиони ҷаҳон дар соли 2017 ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар вазни 60кг буда, соли равон медали нуқраи Бозиҳои Аврупоро дар вазни -64кг ба даст овардааст.

Варзишгари дигари мо Шаббос Негматуллоев дар даври дуюми вазни -81кг аз муштзани бомаҳорати мисрӣ Абдураҳмон Салоҳ шикаст хӯрд. Шаббос дар даври аввал варзишгари Шведсия Лиридон Нуҳаро мағлуб карда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳонии бокси ҳаваскорӣ миёни мардон, ки то 21 сентябр идома меёбад, 365 варзишгар аз 78 давлат дар 8 вазн -52кг, -57кг, -63кг, -69кг, -75кг, -81кг, -91кг ва +91кг иштирок доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here