Гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон таҳти сарварии раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода дар якҷояги бо гурӯҳи кории мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи будубоши бошандагони хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони маъюб дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Ёвон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — Ҳисор, Варзоб, Турсунзода, Рӯдакӣ дидан намуданд.
Зимни баромади хеш Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки хароҷоти буҷети давлатӣ сиёсати иҷтимоӣ дошта, он пеш аз ҳама ҷиҳати таъмини афзалиятҳо равона карда шудааст.
Дар ин робита, ҳаллу фасли тадриҷии масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла, ғамхорӣ нисбати ятимон, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолони барҷомонда ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва осебпазир яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф гардидааст. Давлат дар ин замина тамоми чораҳоро меандешад, то ки ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ худро бе пушту паноҳ ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос накунанд.
Дар ин робита, дар соли 2017-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 9,0 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати нақшаи аниқшудаи буҷети соли 2016-ум (8,1 млрд. сомонӣ) 961,7 млн. сомонӣ ё 11,8 фоиз зиёд буда, 45,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Танҳо барои рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бо дарназардошти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3,2 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбати соли 2016-ум (2,9 млрд. сомонӣ) 302,0 млн. сомонӣ ё 10,0 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар соли 2016-ум ҷиҳати нигаҳдорӣ ва фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои кӯдакон, калонсолон, пиронсолон, маъюбон, санаторияву профилакторияҳо 34,5 млн. сомонӣ равона карда шуда, дар буҷети соли 2017-ум бошад ба ин мақсад 39,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва дар 4 моҳи соли ҷорӣ маблағгузории он 9,9 млн. сомониро ташкил намудааст.
Дар анҷоми мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои сершумори бошандагони хона-интернатҳо посух гуфтанд.