Тоҷикдухтар Амал Ҳафизова дар озмуни байналмилалии мусиқии «Бо тамоми овоз» («Во весь голос») яккахони беҳтарин дар байни духтарон дониста шуд.

Ин барнома аз шабакаи телевизионии «Мир» ба роҳ монда шудааст, ки даври ниҳоии озмун 29 декабри соли гузашта доир гардид ва ғолибон муайян карда шуданд.

Дар байни ҷавонписарон овозхони Молдова Денис Мидоне яккахони беҳтарин ва гурӯҳи «Жулдыздар» аз Қазоқистон  гурӯҳи беҳтарини мусиқӣ, дастаи ҳаваскорони Россия дастаи беҳтарин интихоб шуданд.

Озмун моҳи ноябри соли гузашта шурӯъ гардид, ки дар он ҳунармандони аз 12 то 16-сола аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар озмун дастпарварони студияи овозхонии «Ҳафтранг»-и шаҳри Душанбе Некрӯз Зербунов, Томирис Элназарова, Амал Ҳафизова ва Дилноз Абдуалимова намояндагӣ мекарданд. Роҳбарии дастаро овозхони шинохта Зафар Абдуалимов бар уҳда дошт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here