Ҳамкориҳои байнипарламентӣ барои таҳкими муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нушокӣ аз Тоҷикистон ҳамчунин, ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақими Душанбе-Давҳа аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Маҷлиси шӯрои давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд будаанд.

Аз хадамоти матбуотии МН хабар доданд, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Қатар изҳори қаноатмандӣ карда, тамосҳои мунтазами роҳбарони олии ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад Олӣ Сониро заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманд арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, муҳимияти таҳкими робитаҳои ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои давлати Қатар барои рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ва тақвияти пояи ҳуқуқии он таъкид гардид.

Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ Олӣ Маҳмуд ёдовар шудааст, ки дар вақти ба ҳайси вазири давлатии корҳои хориҷии давлати Қатар фаъолият доштанаш ба Тоҷикистон  сафар кардааст ва аз мулоқот бо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф гаштааст.

Мавсуф иқтидори бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, сарватҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ махсус таъкид карда, онро заминаи хубе барои ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар донистааст.

Дар фарҷоми мулоқот Шукурҷон Зуҳуров аз ҳамтои қатарии худ даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар мулоқот вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода, Абдуғаффор Раҳмонзода, Дилрабо Мансурӣ ва сафири мухтор ва фавқуллодаи Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода ҳузур доштанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here