Вазири нави адлияи Тоҷикистон бекоршавии ақди никоҳи шаҳрвандонро ташвишовар хонд, вале пешниҳоди сахт кардани ҷазо ё ҷаримаро роҳи ҳалли масъала надонист.

Вазири адлияи кишвар Музаффар Ашӯриён имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, “сахт кардани ҷазо барои пешгирии бекоршавии ақди никоҳи оилаҳо шояд таъсир бахшад, вале нигоҳ доштани оилаҳо бо ин роҳ “позитивӣ” нест”.

Вазир гуфт, дар байни ҷавонон дар масъалаи оиладорӣ бояд корҳои тарбиявӣ зиёдтар бурда шаванд. Дар мафкураи ҷавонон ҷой гирондани муқаддас будани оила ва робитаи бисёр зичи зану мард дар зиндагӣ зарур аст.

— Фикр мекунам, дар ин масъала на танҳо мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ғайриҳукуматӣ, балки аҳли ҷомеа тамоми кӯшишу ғайрат ва тавоноии худро ба равон кунанд, — гуфт вазир.

Гуфта шуд, дар соли 2019-ум 12 482 оила аз ҳам пош хӯрдааст, ки назар ба соли 2018-ум 1469 (2018-11013 оила) оила зиёд аст. Масъулини вазорати адлия дар шарҳи афзоиши бекоршавии ақди никоҳ гуфтанд, ки бештари ин никоҳҳо аз 5 то 15 сол пеш аз ҷониби судҳо бекор гардиданд, вале ҳамсарон дар гирифтании бекор шудани ақди никоҳ солҳо таъхир кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here