Рӯзи гузашта дар “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Пешгирии сироятёбӣ-дур шудан аз табобат бо антибиотикҳо ва мубориза бар зидди мутобиқшавӣ бо антибиотикҳо” мизи гирд доир гардид.

Дар ин нишаст муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, роҳбари намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Игорь Поканевич, роҳбари намояндагии ФАО Виорел Гуту дар Тоҷикистон, инчунин, намояндагони Хадамоти давлатии назорати бойторӣ ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок карданд.

Зимни ин мизи мудаввар гуфта шуд, истифодаи нодурусти антибиотикҳо хатарзо буда, истеъмоли он бе таъиноти мутахассиси соҳаи тиб устувории зиддимикробии онҳоро метезонад. Инфексияҳое, ки аз микробҳои ба антибиотикҳо тобовар ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусияти мураккаб буда, табобаташон душвор аст.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода дар масъалаи истифодаи дурусти антибиотикҳо суҳбат карда гуфт, «Пеш аз ҳама маърифати санитариву беҳдоштии аҳолиро бояд баланд бардошт, мардумро огоҳ кард, ки пеш аз истеъмоли антибиотикҳо ҳатман бо духтур маслиҳат кунанд. Зеро на ҳама медонанд, ки истемоли антибиотикҳо на дар ҳама ҳолат мувофиқи мақсад аст» ва пешниҳод кард, ки ин мушкилотро дар якҷоягӣ ҳаллу фасл намудан зарур аст.

Роҳбари намояндагии ТУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич аз он изҳори таассуф намуд, ки дар баъзан маворид насли калонсол бе маслиҳати духтур ба кӯдакони худ ягон намуди антибиотикро медиҳанд, ки катъиян манъ аст. “Истеъмоли нодурусти антибиотикҳо ба оризаҳои гуногун оварда мерасонад”.

Муовини сардори Муассисаи давлатии «Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Давлатов низ дар навбати худ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кард, ки дар вақти истифодаи антибиотикҳо эҳтиёткор бошанд ва ба худтабобаткунӣ машғул нашаванд. Номбурда ҳамзамон гуфт, на дар ҳама ҳолатҳо зарурати истеъмоли антибиотикҳо вуҷуд дорад ва таъкидан аз духтурон талаб кард, ки бе хулосаи ташхиси лабораторӣ ба бемор истифодаи антибиотикҳоро тавсия надиҳанд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки чорабиниҳои босамари пешгирӣ ва назорати инфексия метавонад аз се як ҳиссаи инфексияи дохили беморхонавиро бартараф намояд ва суръати истифодаи антибиотикҳо ва устувории онҳоро коҳиш диҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here