Вазорати мудофиаи ИМА дар саҳифаи расмии худ дар Twitter тасодуфан навиштаеро нашр кард, ки ба истеъфои президенти ин кишвар Доналд Трамп даъват мекард, хабар медиҳад NBC News.

Дар саҳифаи Пентагон бозтвити корбар Proud Resister пайдо шуд, ки Трамп ва сенатори иёлати Миннесот Эл Франкенро ба истеъфо даъват мекард. Ба ғайр аз ин, корбар аз номзади Ҳисби ҷумҳурихоҳон дар сенат аз иёлати Алабама Рой Мур даъват кардааст, ки аз ширкат дар интихобот даст кашад. Франкен ва Мурро ба озору азияти ҷинсӣ гунаҳкор кардаанд.

Баъдтар ин навишта ҳазф карда шуд, аммо корбарон фурсат ёфтанд, ки аз он аксу нусха бардоранд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here