Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши охири худ дар мавриди Тоҷикистон таҳти унвони «Афзоиши осебпазирӣ бо вуҷуди рушди иқтисоди пойдор» бахши қобили таваҷҷуҳи сармоягузориҳои хориҷӣ дар иқтисоди кишварро ба Пекин ва Маскав рабт додааст.

Бинобар ин гузориш, дар нимаи аввали соли 2017 ҷараёни мустақими сармоягузориҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ва 1.9 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилро ташкил додааст.

Ин дар ҳолест, ки сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар ҳамин муддати соли 2016-ум 6,3 дарсад аз тавлиди нохолиси дохил будааст.

Тақрибан ниме аз ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба бахши истихроҷ ва сипас ба ҳавзаи ҳамлу нақл ва тавлид равона шудааст.

47.3 дарсад аз кулли сармоягузориҳои хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба Чин, 31.3 дарсад ба Русия ва 6.8 дарсад ба Швейтсария марбут мебошад.

Давлати Япония гуфтааст, ки барои сохтани як тарминали ҳамлу нақли ҳавоӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дар ҳудуди 200 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here