Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустинро дар самти Душанбе — Самарқанд — Душанбе иҷро менамояд. Дар ин бора Азиз Хайруллоев, сухангӯи ҶСК “Тоҷик Эйр” иттилоъ дод.

 

Ба иттилои манбаъ, парвоз рӯзи 28-уми июл бо ҳавопаймои Boeing 737–300 соати 09:00 аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат мегирад. Муддати парвоз ба як тараф 45 дақиқа буда, чипта 684 сомонӣ арзиш дорад. Парвози минбаъда рӯзи 4-уми августи соли равон сурат мегирад.

 

Муштариён барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд бо шумораи телефонии (+992 48) 701 50 42 ва (+992) 905 100 200 бо масъулини ширкат дар тамос шавандд.

 

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борро ба самтҳои зерин: Душанбе-Алмаато, Душанбе-Бишкек, Душанбе-Деҳлӣ, Душанбе-Теҳрон, Душанбе-Москва, Душанбе-Екатеринбург, Душанбе-Новосибирск, Душанбе-Сургут ва ба дигар самтҳо анҷом медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here