29-уми декабри соли 2018 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвози нахустини чартерии худро дар хатсайри Душанбе-Шармушшайх шуруъ намуд.

Дар маросими гусели аввалин мусофирони ин хатсайр Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Суҳроб Ҷӯраев, муовини аввали директори ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон ин нахустин хатсайри чартерии мустақим аз Душанбе ба Шармушшайх (Ҷумҳурии Мисри Араб) мебошад.

Фармоишгари хатсайри мазкур ширкати сайёҳии “Компасс” (Қазоқистон) буда, намояндагии ширкати мазкурро дар Тоҷикистон ширкати “Трансавиа Экспресс” бар дӯш дорад. Ин хатсайри чартерӣ ба сайёҳони тоҷикистонӣ нигаронида шудааст. 

Дар давоми мавсими зимистон парвозҳо дар 10 рӯз як маротиба иҷро гардида, арзиши маҷмуи хизматрасонӣ аз 500 то 3000 доллари ИМА-ро дар бар мегирад. Вақти парвоз 5 соатро ташкил дода, ҳамаи парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро мешаванд.      

Шармушшайх мисли Анталия (Туркия) дар таърихи ҳавопаймоии тоҷик самти нав буда, то ҳанӯз боре иҷро нашуда буд. Парвози нахустин ба ин шаҳри cоҳили Баҳри сурх 29-уми декабри соли 2018 сурат гирифт, ки шумораи умумии мусофирон 168 нафарро ташкил медод. 

Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мегӯяд, ки дар сурати афзоиши талабот ҳаҷми парвозҳо ва муддати иҷрои лоиҳа зиёд карда мешаванд.

Гуфтан бамаврид аст, ки давоми фасли тобистони соли 2018 ширкати “Сомон Эйр” дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳии «Трансавиа Экспресс» ва «Компас» парвозҳои чартериро аз Душанбе ба Анталияи Туркия иҷро намуданд, ки дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон ин аввалин хатсайри мустақим дар ин самт буд. Дар тобистони соли 2019 низ парвозҳо аз Душанбе ба Анталия аз сар гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бозори авиатсионии Тоҷикистон зиёда аз 10 сол фаъолият карда, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон иҷро менамояд. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-300, Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.

“Самак”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here