Ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар соли 2018-ум дар 39 самт ба 11 кишвари хориҷӣ парвоз анҷом додаанд, ки ба ҶСК «Тоҷик Эйр» 13 самт ва ба ҶДММ «Сомон Эйр» 26 самт рост меояд.

Роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Субҳонзода Икром дирӯз, 11-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар ин давра аз ҷониби ҶСК «Тоҷик Эйр» 2974 парвоз иҷро шудааст, ки аз ин ҳисоб 799-тои он бо таъхир амалӣ гардидааст.

— Парвозҳои ширкати «Тоҷик Эйр» имсол назар ба соли 2017-ум 117 адад зиёд буданд. Ҳамзамон, соли гузашта аз ҷониби ҶДММ «Сомон Эйр» 3964 парвоз анҷом дода шудааст, ки 474 ададаш бо таъхир сурат гирифтааст, — гуфт Субҳонзода.

Гуфта шуд, дар соли 2018 аз ҷониби ин ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар умум 851,2 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки ба ҶСК «Тоҷик Эйр» 325, 5 ҳазор ва ба ҶДММ «Сомон Эйр» 489,7 ҳазор мусофир рост омадааст.

Даромади умумии ширкати «Тоҷик Эйр» дар соли гузашта 573,7 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба соли 2017-ум 4,3 миллион сомонӣ ё 0,7 фоиз кам будааст.

Даромади ҶДММ «Сомон Эйр» бошад, дар ин давра 1 миллиарду 88 миллион сомонӣ будааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 118,3 миллион сомонӣ зиёд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here