Парвиз Умарбоев, узви дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки акнун дар дастаи «Локомотив» (Пловдив, Булғористон) ҳунарнамоӣ мекунад, соли дуюм аст, ки барандаи Ҷоми футболи Булғористон мегардад.
Дар дидори ниҳоӣ «Локомотив» (Пловдив) бар CSKA (София) пирӯз шуд. Ин вохӯрӣ бо замони иловааш бидуни раддубадали голе, мусовии ҳеч бар ҳеч поён ёфт ва дар задани заработи пеналтӣ бахти локомотифиҳои Парвиз Умарбоев хандид.
Умарбоев чор сол аст ки дар ин дастаи номдори Булғористон ҳамчун бозикуни миёнаи майдон ҳунарнамоӣ мекунад ва бори садум аст, ки дар ҳайати ин даста ба майдон баромадааст.