«Вазъи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз мавзуъҳои доғест, ки бо ташаббуси кумита оид ба маъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон, таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ дар парламенти кишварзимни баргузории «Соати парлумонӣ» баррасӣ гардид.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба «faraj.tj» иттилоъ дод, аз рӯи масъалаи мазкур вакили мардумӣ Гулбаҳор Ашурова дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон баромад намуда, бо изҳори таассуф гуфт, ки тибқи маълумоти оморӣ дар дунё танҳо давоми солҳои 2000-2015-ум бо сабаби гирифторӣ ба бемории сил 33 миллион нафар одам фавтидааст. Дар натиҷа ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ 617 млрд. доллар зарар расонда шудааст.

Ба андешаи ин вакили мардумӣ, агар суръати пештараи мубориза бар зидди бемории сил нигоҳ дошта шавад, тӯли солҳои 2015-2030 аз ин беморӣ 28 миллион нафар одам мемирад ва ин ба иқтисодиёти ҷаҳон 983 млрд. доллар зарар хоҳад расонд.

Қайд кардан ба маврид аст, сил бемориест, ки ба воситаи бактерия сироят меёбад. Он ҳангоми сулфидан ё атса задани бемор тавассути сироятёбии ҳавоию қатравӣ паҳн мегардад. Сил бемории табобатшаванда буда, дар натиҷаи табобати саривақтӣ, дуруст ва мунтазам метавонад пурра табобат ёбад. Дар баробари ин, ба андешаи мутахассисон, сил бемории марговартарин дар байни бемориҳои сироятӣ ҳисобида мешавад, ки ҳар рӯз дар дунё тахминан 5000 нафар ва солона 1,7 миллион нафарро бо марг рӯ ба рӯ месозад. Инчунин сил сабаби асосии фавти гирифторони ВНМО (ВИЧ СПИД)-сирояти аз ҳама марговартарин дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад.

Мутахассисон бемории силро ягона беморие медонанд, ки ба доруворӣ тобовар буда, тавассути қатравию ҳавоӣ сироят меёбад. Соли гузашта 600 ҳазор ҳодисаи гирифторшавӣ ба бемории сили шакли ба доруворӣ тобовар ба қайд гирифта шудааст, ки шакли мазкур боиси марги тахминан ҳар сеюм шахси гирифтор гардидааст.

Оморҳо аз он далолат медиҳанд, ки ҳар сол тақрибан ба 40 фоизи ҳама одамони гирифтори бемории сил — беш аз 4 миллион нафар аз ташхиси расмӣ намегузаранд. Ғайр аз ин, аксарияти одамон табобатро оғоз мекунанд, вале онро то охир намерасонанд.

— Бемории сил бемории ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, чораҳои ҷавобии ҷаҳониро тақозо менамояд. Соли ҷорӣ сарони кишварҳои ҷаҳон дар Маҷлиси якуми сатҳи олӣ оид ба бемории сил, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид барпо мегардад, ҷамъ меоянд, то ин ки имконияти барои ҳар насл як маротиба пайдошавандаро барои баромадан ба сатҳи нави мубориза бар зидди бемории сил истифода баранд. Аз ин рӯ, ҷаласаи сатҳи олӣ оид ба бемории сил дар давраи барои эпидемия тақдирсоз доир мегардад. Агар сарварони дунё ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Рушди Устувор барои баромадан ба сатҳи нави ҷавобӣ ба бемории сил ҷуръати кофӣ нишон диҳанд, мо имконияти пурра барҳам додани бемории силро дар Тоҷикистон то соли 2030 дар даст хоҳем дошт. Тобоварии афзуншаванда ба доруворӣ харҷи маблағҳои калонро аз буҷети давлатӣ талаб мекунад,-илова намуд вакили мардумӣ.

Мутахассисони соҳа мегӯянд, айни ҳол ко-инфексияи ВНМО (ВИЧ), ки аллакай паҳн шудааст, метавонад барои хуруҷи бемориҳои вобастаи бемории сил ва бемории ғайрисироятӣ, аз қабили бемории қанд боис гардад. Олудашавии ҳаво, аз меъёр зиёд будани аҳолӣ дар шаҳрҳо ва ҳамчунин ғизои номувофиқ метавонанд осебпазирии миллионҳо нафар одамонро нисбат ба ин беморӣ афзун гардонанд.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ҳамчунин директории Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил Раҷабзода Аслиддин баромад намуда, таъкид дошт, ки «барои мағлуб кардани бемории сил дар ҳар як кишвар чорабиниҳои муассисаҳои гуногуни ҳукуматиро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, молия, маориф, тандурустӣ ва илм ҳамоҳанг сохта, мақоми пешсафиро дар сатҳи баландтарин нигоҳ доштан зарур аст. Азбаски бемории сил ҳудуд надорад, аз ин рӯ, чорабиниҳои миллии кишварҳои гуногун бояд ҳамоҳанг карда шаванд, то ин ки пешравии як давлат бо паҳншавии беморӣ дар давлати дигар баробар карда нашавад».

Дар анҷоми мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои сершумори иштироккунандагони чорабинӣ посух гуфтанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here