Ҳамёни мобилии ТезСум, ки тарҳи муштараки ширкати Tcell ва Аввалин бонки молиявии хурд мебошад, пас аз таҷдиду коркарди вижа бо амалкардҳои нав пешниҳоди корбарон гардид. Ҳамакнун, тариқи замимаи ТезСум метавонед нархи роҳкирои   “Олу4а таксӣ”-ро пардохт кунед.

ТезСум ёрдамчии беминнат ва зудкори шахсӣ аснои пардохти ҳисобҳо аст.

Аз ҷумла, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, интернети хонагӣ ва ТВ, ҷаримаҳои ҳаракат дар роҳ ва ғайра тариқи ин барнома имконпазир аст. Ба ғайр аз ин, Шумо метавонед корти бонкиатонро ба барнома пайваст карда, тавассути системаи пардохтҳои бонкии “Корти Миллӣ” ҳама гуна пардохтҳоро мустақиман аз кортатон анҷом диҳед. Ҳамакнун, ба ин рӯйхат боз як функсияи дигар, пардохти роҳкирои Олу4а таксӣ изофа гардид.

Дар солуни ҳар як таксии «Олу4а» QR-рамз барои пардохти роҳкиро насб шудааст. Пас аз скан кардани рамз дар барномаи ТезСум, дар чанд сония имкони пардохти маблағи заруриро хоҳед дошт!

Барои истифодаи функсияи мазкур бояд барномаи “ТезСум” боргирӣ кунед (ва ё агар қаблан замимаро насб карда бошед, онро таҷдид намудан зарур аст). Ҳисобатро пурра намоед ва пардохтатонро тавассути он анҷом диҳед!

Барномаи ТезСум ба таври ҳамешагӣ (доимӣ) нав карда мешавад ва функсияҳои ҷадид ба он ворид мегарданд. Дар наздиктарин фурсат функсияҳои нави барнома таҳия гардида, пешниҳоди муштариён хоҳанд шуд. Ба ТезСум ҳамроҳ шуда, беш аз 150 намуди хизматрасониро дар дилхоҳ гӯшаву канори дунё ва он ҳам бе комиссия тавассути ин замима пардохт кардан мумкин аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here