Пур кардани тавозуни Tcell аз қаламрави Федератсияи Русия имконпазир гардид. Ширкати Tcell нахустин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки санади ҳамкорӣ бо Сбербанки Русияро ба тасвиб расонд.
Аввалин тарҳи ҳамкории дуҷониба- пур кардани тавозуни рақами Тcell тариқи замимаи Сбербанк Онлайн буда, ҳамчунин дар дафтарҳои корӣ, марокизи хидматрасонӣ ва банокмату терминалҳои шабакаи Сбербанк ин амалро иҷро кардан мумкин аст.
Бо муроқибат аз ҳамватанони мо, чӣ дар дохили кишвар ва берун аз он, Tcell ва Сбербанк ин намуди хидматрасониро бо 0% комиссия анҷом медиҳанд!
Барои пардохт кардан, бояд барномаи “Сбербанк Онлайн”-ро насб намоед.
Тарзи истифодаи қадам ба қадами дастурамал:
- замимаро фаъол намоед
- ба бахши «Платежи» ворид шавед
- интихоби опсияи «Мобилная связ»
- хидматрасонии Tcell –ро интихоб намоед
- рақами телефон ва маблағи пардохтро нишон диҳед –
- пахши тугмачаи «Продолжит»
- тасдиқи пардохт
Пас аз чанд сония пардохт ба ҳисоби рақами Тсеll-и Шумо бидуни ҳеч (0%) комиссия гузаронида мешавад!
Ширкати Tcell бо ҳадафи татбиқи фанновариҳои иртиботии навоварона ва пайванди Тоҷикистон бо шабакаи ҷаҳонии пешрафта дар самти инноватсия фаъолият мебарад. Tcell дар Тоҷикистон хидматрасониҳои молӣ ва электронии худиро пешниҳод месозад ва ҳамкорӣ бо бузургтарину пойдортарин бонки Русия имкониятҳои бештареро фароҳам меорад.