Иштирокдорон ва ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»-ро имрӯз дар шаҳри Панҷакет табрик ва қадрдонӣ карданд. Ба муносибати қадршиносии ширкатдорону ғолибони озмуни мазкур, имрӯз дар толорои Маҷмааи эҷодию фарҳангии ба номи Лоиқ Шералӣ, ҷамъомад доир гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ ва ҷойнишини (иҷрокунандаи вазифа) раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар суханроии худ, ғолибонро табрик карда, сипоси худ ва ҳукумати шаҳри Панҷакентро баён доштанд.

— Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» 150 000 нафар аз гушаву канори мамлакат иштирок дошта, танҳо онҳое, ки истеъдоди хуб доштанд, ба даврҳои ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд. Раъно Насридлинова, яке аз ин нафароне буд, ки бо истеъдоди худ ҳамаро мафтун кард ва соҳиби шоҳҷоиза гардид, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ҷойнишини раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода ба устодону волидони ғолибон изҳори сипос карда, гуфт, ки дар оянда низ бояд чеҳраҳои нав аз Панҷакент муаррифӣ шаванд.

Ба ғолибони ҷойҳои якум аз тарафи ҳукумати шаҳри Панҷакент сипосномаву компютер ва ба онҳое, ки ҷойҳои дуюму иштироки фаъол доштанд, сипоснома бо планшет ва китоб инъом карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври финалии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11-и деҳаи дурдасти Сори шаҳри Панҷакент, соҳиби шоҳҷоиза ва 60 000 сомонӣ гардид.

Инчунин, хонандаи синфи 8-и МТМУ 34 Рухшона Норова, омӯзгори мактаби 53 Раҳмонова Дилафзун, дастпарвари рӯзномаи «Зарафшон» Қосимова Мафтуна сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here