Дар шаҳри Панҷакент рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва супоридани сипосномаҳо ба ҷавонони фаъол таҷлил карда шуд.

Муовини якуми раис вилояти Суғд Хол Ҳайдар табрикоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҷавонони панҷакентӣ расонид ва таъкид дошт, ки саҳми ҷавонон дар пешрафту ободии кивар назаррас аст. Хол Ҳайдар изҳор дошт, ки ҳукумати вилояти Суғд пайваста барои дастгирии ҷавонон кӯшиш мекунад.

Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода низ дар баромади хеш аз саҳми ҷавонон дар шукуфоии мамлакат ёдовар гардид ва гуфт, ки имрӯз дар Панҷакент 101000 ҷавон зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо  3000 нафарашон дар коллеҷу донишкадаҳои шаҳр мехонанд.

— Айни замон 10 ҷавон гирандагаи стипендияи президентӣ буда, ҳамасола 22 нафар ба гирифтани квотаи президентӣ мушарраф мегарданд, – гуфт Ислом Зиёзода.

Дар чорабинӣ бахшида ба рӯзи ҷавонон ба ҷавонони фаъоли шаҳру деҳот ва ғолибони озмуну мусобиқаҳо тӯҳфаҳо ва сипосномаҳои ҳукумати шаҳри Панҷакент тақдим карда шуд.

Гулбаҳор Худойбердиева

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here