Ба таваҷҷуҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор

Мушкилҳои ҷойдоштаи шаҳри Панҷакентро нодида гирифтан намешавад.  Виҷдон як чизи аҷиб будааст. Гоҳ-гоҳ одамро азоб медиҳад. Чашм пушидан аз таҷлили бошукуҳ ва ба таври бояду шояди ҷашни 5500-солагии Саразм, сохтмони биноҳои баландошёнаи дар ҷойҳои нодуруст қоматафрохта, дӯкону мағозаҳои ғайристандартӣ, бозорҳои номуназзаму чиркин, муассисаҳои давлативу хусусии бемасъулият, мавзеъҳои таърихию сайёҳии ба таври зарурӣ ҳифзнашуда, биноҳои нимсохти аз давраи Дақёнус бозмонда,  роҳҳои маҳаллии валувайрон, танқисии мардум аз оби нӯшиданӣ, шӯъбаи маорифи бесоҳиб, хоҷагии манзилии комуналлии бепарво, аз паси панҷа нигаристан ба мушкилҳои ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ, каммасъулиятӣ дар ҳалли масъалаҳои занон ва оила, мушкилҳои ҷойдоштаи заминсозӣ ва ғайра,  нобахшиданист. Дигаронро намедонам, аммо ман наметавонам мушкилиҳои ҳалношудаи як гӯшаи Ватани азизамро нодида гирам. Проблемаҳои дар боло зикр шуда “муште аз хирвор” аст. Мешавад дар бораи ин мушкилиҳо ҷудо-ҷудо матлаб навишт.

Гули мақсуди мо дар он мешукуфад, ки сари масъалаи сохтумони биноҳои  баландошёна ибрози назар кунем.

Чанде пеш дар гуруҳи фейсбукии “Панҷакентро дӯст медорам” маводе аз рӯи шикояти сокинони бинои 138-и кӯчаи Рӯдакии шаҳри Панҷакент нашр шуда буд, ки аз дар он гуфта мешуд:

“Сокинони бинои 138-и кӯчаи Рӯдакии шаҳри Панҷакент шикоят аз он доранд, ки чанд нафар заминҳои назди бинои истиқоматии онҳоро вайрон кардаву дар ҷояш дӯконҳои тиҷоратӣ месохтаанд.

Онҳо мегӯянд, аз ин амали ба қавле соҳибмулкони нав розӣ нестанд. Аммо бо ин вуҷуд, ба муқобилияти онҳо нигоҳ накарда, заминҳоро вайрону, корҳои сохмонӣ идома дорад ва дар ин кор бародари раиси шаҳри Панҷакент даст дорад ва аз ин рӯ шикояташонро дар ҳама ҷо нодида мегиранд.

Ба гуфтаи бошандагони бинои мазкур, дар он 48 хоҷагӣ умр ба сар мебаранд. Як нафаре аз ин бино бемор шуд ва мошини ёрии таъҷилӣ натавонист сари вақт ба бемор ёрии аваллии тиббӣ расонад. Дар натиҷа як ҷавон ба ҳалокат расид, мегӯянд сокинони бинои 138-и кӯчаи Рӯдакӣ.

Агар худое накарда, дар ин бино сӯхтор рух диҳад, мошини оташхомӯшкунӣ наметавонад ба назди бино расад.

Ин мушилоти мардумро кӣ ва кай ҳал мекунад? Овози 48 хоҷагӣ ва даҳҳо нафар сокини ин бино пеш меистад, ё вазни додари раиси шаҳри Панҷакент?”.

Ин дар ҳолест, ки он вақт аз тарафи ғарбии бино роҳ барои даромадани нақлиёт мавҷуд буд ва ҳоло ин роҳ пурра баста шудааст.

Пас аз шикояти сокинон аз тарафи ниҳодҳои қудратии масъули шаҳри Панҷакент сохтмони бино барои чанд муддат боздошта шуд, аммо касе намедонад барои чӣ ин биноҳое, ки дар ҷойҳои нодуруст қомат афрохта буданд, фаъолияти худро аз нав давом додан доранд?!

Умуман, мо намефаҳмем, ки чаро биноҳои баландошёнаи навсохтае, ки дар маркази шаҳри Панҷакент бунёд шудаанд, ба талаботи сохтмонии муосир ҷавобгӯ набуда, аз ҷумла, майдонча барои кӯдакон, таваққуфгоҳ, майдони фароғатӣ барои сокинон надоранд. Ва оё соҳибкорон, ки ба биносозӣ машғуланд, фикри мардумро мекунанд, ё дар андешаи кисаи худанд?

Пудратчии яке аз сохтмонҳои зикргардида (маркази савдо) Шафиев Нӯъмон — ҳамон бародари раиси шаҳри Панҷакент — мебошад.  Ҳолдонҳо мегӯянд, ки барои рӯйпӯш кардани амалҳои худ ҳуҷҷатҳои биноҳои мазкурро ба номи шахсони дигар навишта, кори худро давом медиҳад.  Саволе ба миён меояд, ки дар маркази шаҳри Панҷакент фақат барои хешу ақрабои раис сохтани дӯкону мағозаҳо ва биноҳои истиқоматӣ иҷозат дода мешавад?!

Ин дар ҳолест, ки  дар гирду атрофи шаҳри Панҷакент ҷой барои сохтмон зиёд аст ва хешу ақрабои раис монанди дигарон метавонанд, дар он ҷойҳо барои ободии диёр дилхоҳ сохтмонашонро бино кунанд. Соҳибкорони дигар барои гирифтани иҷозатнома ё ҳуҷҷатҳои зарурӣ моҳҳо ва ҳатто солҳо пушти дари ҳукумат ва сохторҳои дахлдор сарсону саргардонанд.

Як мисол меоварем, ки ба наздикӣ бевосита шоҳиди буд нашудани он гаштем. Муассисаи давлатии агентии обуҳавошиносии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмонии Бинои стансияи ҳавосанҷии Панҷакент беш аз шаш моҳ мешавад, ки  ариза пешниҳод кардааст, аммо  барои ҷамъ овардани имзо ба мушкил мувоҷеҳ шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки муассисаи мазкур мехоҳад аз ҳисоби худ  дар замини дар як гӯшаи шаҳр вуҷуддошта, ки солҳои тӯлонӣ дар мувозинати муассиса аст, бинои наву замонавӣ барои обу ҳавошиносӣ бунёд кунад.

Баъд аз арзу шикояти корафтодагон ва нашри мавод дар ин хусус  ҳеҷ коре барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи масъулини шаҳри Панҷакент анҷом дода нашуд. Аз ин сабаб аз мақомоти давлатии дахлдор тақозо карда мешавад, ки як комиссияи босалоҳият ташкил намуда, вазъи ба амаломадаи шаҳри Панҷакентро баррасӣ кунанд, то ҳақ ба ҳақдор бирасад.

Бибиҷон Ашурова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here