Дар деҳаи Нофини ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент як мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд, ки аз 8 синфхона иборат буда, барои 240 нафар хонанда ҷойи нишаст дорад.

Зимни ифтитоҳи расмии мактаби мазкур, ки нимаи аввали рӯзи гузашта, 12-уми сентябр, сурат гирифт, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ кард.

Аҳмадзода устодон ва хонандагони ин даргоҳи донишро ба Рӯзи Истиқлолияти кишвар ва соли нави хониш муборакбод гуфта, қайд кард, ки мактаби мазкур  маҳз ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Дар идома, аҳолии деҳаи Нофин аз Ҳукумати кишвар барои ғамхориҳои пайвастааш ба соҳаи маориф изҳори сипос намуда, хонандагон бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати сартосарии мамлакат дар васфи Истиқлолият, Ватан, Тоҷикистон шеърҳо қироат карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here