Сокинони деҳаи Рӯзи Обноки ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент бо гузашти 3 рӯз аз омадани сел ҷасади Рӯзимурод Раҳмоновро, ки қурбони ин офати табиӣ шуда буд, пайдо карданд. Намози ҷанозаи марҳум имрӯз, пас аз намози ҷумъа, баргузор гардид ва дар паҳлӯи бародараш, ки ӯ низ ба коми сел рафта буд, дар оромгоҳи деҳа дафн карда шуд.

Бориши зиёди борон боиси омадани сел дар нимаи дуюми рӯзи 4-уми июн дар деҳаи Рӯзи Обнок гардид, ки дар натиҷа ду бародар ба ҳалокат расиданд.

— Ҷасади Суннатуллоро худи ҳамон рӯз пайдо кардем, вале ҷасади Рӯзимуродро дуртар аз деҳа, дар мавзеи маъруф ба Дупулаи деҳаи Ёрӣ, пайдо кардем, — гуфтанд сокинон дар суҳбат бо “Фараж”.

Ҳамдеҳагон мегӯянд, бародарон Суннатулло ва Рӯзимурод Раҳмоновҳо, ки яке дар шаҳри Душанбе, дигаре дар НБО “Роғун” кор мекарданд, барои гузаронидани иди Фитр ба деҳа омада буданд ки қурбонии сел шуданд.

Бино ба маълумоти шуъбаи КҲФ дар шаҳри Панҷакент, дар беморхонаи марказии шаҳрӣ 5 нафар, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд, бистарианд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here