Як хонандаи синфи 3-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 дар ноҳияи Панҷ даст ба худкӯшӣ задааст.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, ҷасади овезони Омина Маҳмадисмоиловаи 9-соларо бегоҳи рӯзи 4-уми сентябр аз шохи дарахти зардолуи замини назди ҳавлияшон пайдо карда, ба шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ»-и Беморхонаи марказии ноҳия расонидаанд. Духтури навбатдори шуъбаи мазкур Нарзулло Пиров дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, замоне, ки духтаракро ба шуъба оварданд, дар бадани ӯ аз ҳаёт асаре набуд.
— Ба мақомот занг задем. Намояндаҳои шуъбаи милиса, амният ва прокуратураи ноҳия омада, ҳодисаро таҳти санҷиш қарор доданд, — гуфт табиби навбатдори шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ» -и Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Н. Пиров.
Директори МТМУ рақами 13 Рауф Раҳмонов имрӯз, 6-уми сентябр дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, Омина Маҳмадисмоилова имсол таҳсилро дар синфи сеюм оғоз карда буд ва аз хонандаи фаъолу аълохони мактаб буд. Номбурда дар идома гуфт ҳодиса дар пайи як муноқишаи оилавӣ рух додааст ва сабабҳои онро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ таҳқиқ доранд.
Бино ба тахмини як манбаъ аз мақомоти ноҳия, ки нахост номаш ифшо шавад, модари Омина бо шавҳараш Мурод, ки дар муҳоҷират будаасту он ҷо зан доштааст, бо телефон муноқиша кардааст. Шавҳараш гуфтааст, ки зану духтараш Омина ва тифли батни завҷааш ба ӯ даркор нестанд ва аз хона баромада раванд. Омина, ки дар назди модар будааст, садои падарашро шунида, таҳти таъсири равонӣ қарор гирифтааст ва худкушӣ кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, мақомот падари Оминаро таҳти пайгард қарор додаанд.
Зангҳои телефонии мо ба мақомоти Прокуратураи ноҳияи Панҷ барои огаҳии бештар аз ҷузъиёти ҳодисаи мазкур беҷавоб монд.