Дар  маҳаллаи Янгиғарати ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ беш аз як километр роҳе, ки дар мувозинати муассисае нест бо дастгирии сокинони ин деҳа таъмир мешавад.

Мудири  бахши меьморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Панҷ Фазлиддин Саидов гуфт, ин иқдом дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шудааст. Ба гуфти ӯ барои таъмири беш аз 1 км роҳ зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ харҷ хоҳад шуд.

— Баъди таъмири ин роҳ мушкилии  рафту омади ронандагону  сокинон ба маркази ноҳия таъмин хоҳад шуд, — илова кард мудири бахши мазкур

Таъмири роҳҳои ноҳия бо дасгирии мақомоти маҳал, соҳибкорон ва аҳолӣ дар дигар ҷамоатҳо низ ба роҳ монда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here