Дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадюнус Сайфиддинзода бо ҳамроҳии наздиконаш бинои харобгаштаи Кохи фарҳанги ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабутро бо харҷи наздик ба 10 миллион сомонӣ  таъмири асосӣ мекунад.

Маҳмадюнус Сайфиддинзода дар як суҳбаташ гуфт, ки дар баробари дигар соҳибкорони ноҳия, ки имрӯз бо дасгирии онҳо дар ҳуддуи ноҳия бунёди  иншооти гуногун бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалатӣ идома дорад, ӯ бо ҳамроҳии бародарон ва наздиконаш тасмим гирифтаанд, ки Кохи фарҳанги ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабутро азнавсозӣ кунанд.

— Мувофиқи ҳисоботи пешакӣ барои азнавсозии ин кох наздики 10 миллион сомонӣ лозим аст. Мо ин иншоотро ба хотири модарамон таъмиру тармим хоҳем кард, чун солҳои зиёд модари мо роҳбари ин коҳи фарҳанг буд. Дар ин баробар алакай дар ҳудуди ин ҷамаот як гармхонаи доимамалкунанда ба маблағи 1 миллион сомонӣ сохта ба истифода додем. Ҳамчунин, ният дорем, як сардхона ва як корхонаи консервабарорӣ низ дар ноҳия сохта ба истифода диҳем, —  илова кард раиси ноҳия.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here