Сокини 40-солаи ноҳияи Панҷ Азим Раҷабов, ки аз ғояти рашк бозори марказии ноҳияро оташ зада, 10 дӯкони хӯрокворӣ ва либосҳои бачагонаро  нобуд карда буд, бо пардохти зарар ба соҳибкорон аз ҷавобгарӣ озод шудааст.

Судяи суди ноҳияи Панҷ Аҳмадҷон Абдуллозода, ки парвандаро баррасӣ кардааст, дар суҳбат бо «Фараж» гуфт,  мурофиа  рӯзи 4-уми апрел баргузор шуд. Азим Раҷабов бо моддаи 255  қисми 2 аз озодӣ маҳрум карда шуд, вале бо дастрасии моддаи 71-и КҶ ҶТ, бинобар барқарор кардани зарари расонидашуда муҳлати 1-солаи санҷишӣ дода шуда, озод гардид.

— Тибқи моддаи мазкур шартан дар озодӣ қарор мегирад ва бояд тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунад ва аз ҳудуди ҷойи истиқомат берун наравад, — гуфт Абдуллозода.

Ёдовар мешавем, ВКД дар як гузориши телевизионӣ гуфт, гумонбаршуда Азим Раҷабов бо ҳамсараш Санавбар Ҷабборова, ки дар бозори марказии ноҳияи Панҷ дӯкони фурӯши либосҳои бачагона доштааст, дар заминаи рашк ҷанҷол бардошта, шаби 2-юми январи соли равон онро оташ задааст.

Ҳамчунин, гуфта шуд, сӯхтор дар масоҳати 180 метри квадратӣ доман паҳн карда, 3 мағоза пурра ва 2-то қисман сӯхта, зарари расонидашуда ба соҳибкорон 50 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудааст, вале соҳибкорони зарардида гуфтанд, дар маҷмуъ 10 мағозаи пластикияшон ва либосҳои бачагонаву хӯрокворӣ ба коми оташ рафтаасту зарарашон ба маротиб зиёд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here