Барои таьмини аҳолии деҳаи Чаманистони ҷамоати деҳоти Кабут Сайфуддинови ноҳияи Панҷ бо оби тозаи нӯшиданӣ беш аз 1 миллион сомонӣ маблағ харҷ шудааст.

Раиси ҷамоати мазкур Сайидҷаьфар Гурезов гуфт, ки кашидани хатҳои обгузар ба деҳаи Чаманистон соли 2018 оғоз карда шуда, рӯзҳои наздик ба охир мерасаду зиёда аз 4900 нафар аҳолӣ бо об таьмин мешаванд.

То ин замон 550 хоҷагии деҳаи мазкур аз обҳои зеризаминӣ истифода мебаранд.

Гуфта шуд, ин ҳама корҳо  бо дастгирии мақомоти маҳал роҳандозӣ карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here