Дастаи футболи «Панҷшер» аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тавонист, ки дар Лигаи олии футболи кишвар боқӣ монад ва дар мавсими нав дар қатори дастаҳои баргузидаи Тоҷикистон бозӣ кунад.

Ин даста дар вохӯрии ҷавобии гузариш низ бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд, ки дар Лигаи якум дуюм шуда буд, бо ҳисоби бузург ғалаба кард. Ин навбат шогирдони Рустам Хоҷаев ба дарвозаи ҳарифон 5 гол заданд, ки ҳисоби бозӣ 5:2 шуд. Дар бозии якум, ки 16-уми ноябр дар Хуҷанд баргузор шуда буд, «Панҷшер» бо натиҷаи 6:2 пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ҳамин тавр, «Панҷшер» дар ду бозии гузариш бар «Эсхата» ғолиб омад ва тавонист, ки дар Лигаи олии футболи кишвар боқӣ монад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here