Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки «ғоратгарӣ» унвон мешавад, нисбати ду хонандаи ноболиғи литсейи ноҳияи Панҷ дар ШВКД-и ин ноҳия ба анҷом расида, барои омӯзиш ба прокуратураи ноҳия ирсол карда шудааст.

Ин парванда нисбати хонандагони литсейи ноҳияи Панҷ Назиров Меҳроб ва Назаров Анӯшервон пас аз он оғоз шуд, ки муаллими фанни таърих ва санъати тасвирӣ, ҳамзамон ҷонишини директори мактаби рақами 12-и ҷамоати «Озодагон» Шоҳсалмон Набиеви 45-сола субҳи барвақти рӯзи 9-уми декабр дар коҳдони оғилхонааш худро овехт.

Аз ШВКД дар ноҳияи Панҷ зимни суҳбат бо мо гуфтанд, ки ин наврасон дар кӯчаи “Мир”-и ҷамоати шаҳрак аз вазъи нотавонии Шоҳсалмон Набиеви дар ҳолати сахти мастӣ қарордошта истифода бурда, даст ба ғорати ӯ задаанд ва 850 сомонию як адад телефони одии «Nokia»-и ӯро тасарруф кардаанд, вале нисбати Набиев ягон ҳаракати зӯроварӣ анҷом надодаанд.

Айни замон сабабҳои худкушии ҷонишини директори мактаби миёнаи рақами 12-и ноҳияи Панҷ Шоҳсалмон Набиев маълум нест ва аз ҷониби Прокуратураи ноҳия мавриди санҷишу таҳқиқ қарор дорад.

Тафсилоти бештарро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Фараж” хонед.

Шамсулло Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here