Раиси ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент Тағозода Шодимурод Муҳаммад, ки мардуми ҷамоати номбурдаро озор медод ва ба муроҷиатҳои шаҳрвандон хунукназарӣ намудаву бо роҳҳои ғайриқонунӣ онҳоро баррасӣ мекард, бо Қарори суди шаҳри Панҷакент аз кор гирифта шуд.

Ба иттилои як манбаъ аз Суди ин шањр, раиси ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент Тағозода Шодимурод бо моддаи 163 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон («Вайрон кардани қонун оид ба муроҷиати шаҳрвандон») ва бо дастрасии моддаҳои 310, 332-336, 339, 341-343, 348, 350-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷарима ба андозаи панҷсад (500) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 25.000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба муҳлати ду сол таъйин карда шудааст.

Чанде пеш сомонаи faraj.tj маводеро бо номи «Панҷакент: Шаҳрвандонро ба қабули раиси шаҳр роҳ надоданд»  таҳия намуда буд, ки дар он сокинони ҷамоати деҳоти Косатарош нисбати  Тағозода Шодимурод арзу шикоятҳояшонро иброз дошта буданд. Дар ин шикоятнома аз љумла гуфта мешуд:

«Раиси ҷамоати деҳоти Косатарош Шодимурод Тағоев мушкили мардумро дар ҷамоат ҳал карда наметавонад. Вақте мо дар рӯзи қабул ба идораи ҷамоат меравем, ӯро дар он ҷо намеёбем.  Ӯ дар шаҳр мегардад, гӯё утоқи кориаш на дар ҷамоат, балки дар ҳукумати шаҳр ҷойгир бошад. Дар вақтҳои зарурӣ ӯро пайдо кардан амри маҳол аст. Ба болои ин боз дар рӯзи қабули раиси шаҳр дар беруни бинои ҳукумат истода, моро намегузорад ба назди раис Ислом Зиёзода даромада, арзу шикоятҳоямонро расонем».

Онҳо дар идома гуфтанд, ки намедонанд мушкилиашонро кӣ ҳал мекунад. «Як сол зиёд мешавад, ки ҷаноби Тағоев сарсону саргардонамон кардааст. Роҳи дуру дарозро тай карда рафтану омадан ба мо осон нест», — мегӯянд шикояткунандаҳо.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз сарвари давлат дар як ҷаласа ба мансабдорон супориш додааст, ки бо аҳолӣ наздиктар бошеду ба мушкилоташон расидагӣ кунед.

Тибқи маълумоти мо, ниҳоят арзу шикояти мардум раиси шаҳр Ислом Зиёзодаро, ки ҳамеша дастгири мардуми оддӣ аст ва шикоятеро бе баррасӣ намемонад,  водор кардааст, то раиси ҷамоатро огоҳ кунад ва ба ин амал расидагӣ намояд. Ва ниҳоят, арзу доди мардум то ба мақомоти дахлдор расид.

Айни замон, Тағозода, ба рухсатӣ баромада, давутоз дорад то қазияи мазкурро дар вилоят «ҳал» кунад, аммо мо тасмим дорем, ин қазияро пайгир бошем.

Интизор бошед!

Бибиҷон Ашӯрова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here