Котиби аввали ташкилоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Боймурод Шоев, пас аз 17 соли дар ин вазифа будан, аз мансаби хеш истеъфо додааст.

Дар плениуми навбатии ташкилоти Ҳизби коммунистӣ дар шаҳри Панҷакент, ки дар он котиби аввали Ҳизби комунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева ширкат намуд, иброз дошт, ки Боймурод Шоев бинобар вазъи саломатӣ бо хоҳиши худ барои аз вазифа рафтан ариза навиштааст.

Ба ҷойи ӯ Савриниссо Қурбона ба вазифаи котиби аввали ташкилоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таъйин гардидааст. Ҳамчунин, дар плениум 4 ҷавон ба сафи ҳизби коммунистӣ пазируфта шудаанд.

Котиби аввали Ҳизби комунисии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева гуфт, ки мақсад афзудани сафи аъзоёни ҳизб аст.

— Шумо маълумот додед, ки дар Панҷакент сафи коммунистҳо ба зиёда аз 1000 нафар мерасад, лекин мо намедонем, ки оё ин миқдор аъзои ҳизб дар ҳақиқат ҳастанд, ё не. Вале мо ба шумо бовар кардем, – гуфт хонум Мирзоева.

Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумотҳо аъзои Ҳизби халқӣдеморкатии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба 12000 нафар расидааст.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here