Прокуратураи шаҳри Панҷакент ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Шодмон Воҳидовро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт кардааст.

Тавре як манбаъ аз прокуратураи шаҳри Панҷакент иттилоъ дод, ҷонишини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДОТ профессор Шодмон Воҳидов аз як сокини шаҳри Панҷакент барои дохил кардан ба курси 4-и донишкадаи мазкур маблағ талаб кардааст.

Пас аз шикояти шаҳрванд «С» кормандони прокуратура якҷоя бо кормандони раёсати ҷиноятҳои муташакил Шодмон Воҳидовро дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 3600 доллари амрикоӣ дастгир кардаанд.

Вобаста ба амали мазкур нисбати Шодмон Воҳидов прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора) боз намуда, тафтишот идома дорад.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ягона муассисиаи таълимии ғайридавлатии омӯзгорӣ дар ҷумҳурӣ буда, ҳанӯз дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 16 июли соли 1991 ҳамчун шӯъбаи Маркази осиёимиёнагии Донишгоҳи озоди Русия таъсис ёфта буд ва аз соли 1994 то соли 2007 ҳамчун Донишгоҳи озоди Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2007 номи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро гирифт.

Бино ба маълумоти сомонаи ДОТ, дар ин ин даргоҳ беш аз 240 нафар корманд фаъолият доранд ва онро то ин замон зиёда аз 10000 нафар хатм кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here