Аслан, вақте ки ниёзмандон ва корафтодгон аз ниҳодҳои қудратӣ ва идораҳои дахлдор ноумеду дилмонда мегарданд, ҳамчун умеди охирин рӯ ба васоити ахбори омма меоранд.

Ба ҳамин монанд моҳи августи соли равон ба идораи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон шаҳрванди шаҳри Панҷакент  Меҳриниссо Юсупова бо як даста ҳуҷҷатҳо ва факту далелҳои раднашаванда аз болои раиси «Тоҷикматлубот»-и шаҳри Панҷакент И. Раҳимов ва фурӯшандагони бозори «Гулистон»-и ин шаҳр Наҷмиддинов Ҷовид ва Ҷӯраева Шаҳзода оид ба истифодабарии ҷои савдо шикоят кард.

Маълум гардид, ки сокини шаҳри Панҷакент, кӯчаи Саъдии Шерозӣ 110 Юсупова Меҳриниссо Маҳмудовна аз соли 1992 дар бозори «Гулистон»-и Панҷакент бо патенти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғул будааст. Аз сабаби бад шудани саломатиаш моҳи июни соли 2008 нуқтаи савдоро ба ҳамсояаш Наҷмиддинов Ҷамшед барои истифодаи муваққатӣ додааст ва таъкид кардааст, ки то барқарор шудани саломатиаш дар ин нуқта фаъолият кунад. Наҷмиддинов Ҷамшед бе иҷозати Юсупова М. нуқтаи савдоро чун моли шахсии худ ба хоҳараш  Ҷӯраева Шаҳзода, туҳфа кардааст. Пас аз барқарор шудани саломатӣ  ва бозгаштан ба бозор Юсупова Меҳриниссо хоҳиши дар ҷои худ кор карданро ба Наҷмиддинов Ҷ. ва Ҷӯраева Ш. мерасонад, аммо онҳо бо ҳар роҳу васила ҷои қонунии ӯро додан намехоҳанд. Юсупова Меҳриниссо Маҳмудовна борҳо ба раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Панҷакент, мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Панҷакент, раиси  Суди шаҳри Панҷакент Асроров Х.Т., ба  Прокуратураи Панҷакент, аризаҳои шикоятӣ навиштааст. Инчунин, баёноти 13 нафар тоҷирони бозори «Гулистон», ки айни замон ба савдо машғуланд, дар бораи ба Юсупова Меҳриниссо тааллуқ доштани ин нуқтаи савдо мавҷуд аст. Дар он гуфта мешавад, ки номбурда аз соли кушодашавии бозори «Гулистон» як гӯшаи ноободро аз ҳисоби худ ҷойи фурӯши ҷиҳоз сохт, яъне аз соли 1992 то моҳи июни соли 2008 соҳибкор шуда кор кард. Моҳи декабри соли 2010 дар муддати 20 рӯз дар ҷои худ, ки дар қатори дуюм ҷойгир аст ба кори савдо машғул буд… сари вақт андоз ва чеки бозорро месупорид. Аз сабаби бад шудани вазъи саломатиаш то барқарор шудани саломатиаш, аз соли 2008 то моҳи декабри соли 2010, мувақкатан ба соҳибкор Ҷовид, ки дар қатори 1-ум ҷои нишасти савдо дорад, барои истифодабарӣ супорида буд. Мо ин гуфтаҳоро бо имзои худ тасдиқ мекунем.

Муттассифона, танҳо танҳо Прокуратура ва Суди Панҷакент ба аризаҳои шаҳрванд Юсупова М., ҷавоб гардонидаанду ниҳодҳои дигари дахлдор ӯро то ҳол сарсону саргардон карда, ҷавоби аниқу амиқ надодаанд. Ба ҷои он ки нуқтаи фурӯши Юсуповаро баргардонанд, баракс ду метр ҷойро ду тақсим намуда, ба тарафҳои муқобил супоридаанд. Дар натиҷа аз сабаби тангии ҷои фурӯш ва хусумати байниҳамдигарӣ кор ба ҷангу ҷанҷол расидааст. Тарафҳо барои ҳал намудани қазияи мазкур ба собиқ прокурори Панҷакент З. Фатҳуллоева  муроҷиат кардаанд.

Юсупова Меҳриниссо қазияи мазкурро чунин шарҳ медиҳад: «Пас аз шикояти ду тараф прокурори Панҷакент Фатҳуллоева З. маро ба наздаш хонда таҳдид намуд, ки агар бори дигар барои ҳамон ҷой даъво намоям, «делои ҷиноятӣ» кушода, суд мекунад. Ман аз тарс ҳамаро партофта ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам, то рӯзгорамро каме ҳам бошад ба сомон биёрам. Аз сабаби бадтар шудани саломатиам дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва обу ҳавои хунуки Русия боз ба Ватан баргаштам. Дар ин муддат раиси бозори «Гулистон» аз кор рафта, ба ҷои ӯ шахси дигар омада буд. Бо мақсади он, ки шояд раиси нав ба доди ман мерасад, ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва факту далелҳоро ба ӯ пешниҳод кардам. Раиси нави бозор И. Раҳимов гуфтанд, ки шумо ҳақ ҳастед, мо ҷоятонро барқарор менамоем. Дар натиҷа Наҷмиддинов ва Ҷӯраеваро ӯҳдадор карданд, ки дар муддати як моҳ, аз сабаби зиёд будани молу ашёҳояшон, ҷойро холӣ намуда, ба ман супоранд. Аммо намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки то ҳол на ҷойро холӣ мекунанду на ба ман ҷавоби мусбат медиҳанд. Намедонам додамро ба кӣ гӯям, наход Президенти кишвар барои мо соҳибкорони хурду миёна он қадар сабукиҳо оранду дастандаркорони Панҷакенти бостонӣ моро сарсону саргардон намоянд. Маҷбур шудам, ки ҳамчун умеди охирин тариқи ВАО шахсан ба Пешвои милат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Президенти кишвар муроҷиат намоям. Чунки ягона дастгиру ғамхори мо шаҳрвандони оддӣ танҳо ҳамон кас ҳастанд. Дигарон фақат дар фикри манфиатҳои шахсии худ ҳастанд». 

Таҳияи Бибиҷон Ашӯрова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here