Бо вуҷуди он, ки ҳамасола коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакентро даҳҳо мутахасиси соҳаи миёнаи тиб хатм мекунанд, дар муассисаҳои табобатии шаҳру деҳот нарасидани 8 нафар коркунони миёнаи тиб ҷой доштааст.
Тавре дар ҷамъбасти солона иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Панҷакент Беморхонаи марказии шаҳр, таваллудхонаи марказӣ, беморхонаи бемориҳои сироятӣ, беморхонаи бемориҳои кӯдакона, маркази дилшиносии байниноҳиявӣ, марказҳои ташхисию табобатӣ, маркази солимии руҳӣ, маркази наркологӣ, беморхонаи амрози пӯст ва зуҳравӣ, 13 адад беморхонаҳои минтақавии деҳот, ки дар маҷмӯъ дорои 875 кат мебошанд, ба табобату солимгардонии мардум машғуланд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки айни замон дар муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Панҷакент 60 нафар пизишк ва 8 нафар коркуни миёнаи тиб намерасанд.
Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвиз Шодизода дар соли 2017-ум 2 ҳодисаи фавти модар ба қайд гирифта шудааст.
15-уми январ ба беморхонаи шаҳри Панҷакент 4 адад мошини «Ёрии таъҷилӣ», ки аз тарафи раиси собиқи вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ тақдим гардида буд, ворид гардид.
То имрӯз ҳамагӣ 2 бригадаи Ёрии таъҷилӣ ба зиёда аз 280 000 аҳолӣ хизмат мерасонд. Аз рӯи талаботи Вазорати тандурустӣ, ки бояд ба сари ҳар 10000 нафар як бригада хизмат расонад, ин нишондиҳанда 26 адад кам аст.
Хуршед Фозилов