Суди вилоятии Хатлон пас аз чор мурофиаи судӣ ҳукми зани 37-солаи ноҳияи Панҷ Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевнаро содир кард, ки дар марги ду нафар аз наздикони шавҳар ва заҳролудсозии беш аз 30 каси дигар айбдор дониста шудааст.

Адвокати маҳкумшуда Шералӣ Қарахонов дар суҳбат бо faraj.tj гуфт ҳукм рӯзи 9-уми ноябр содир гардидааст ва аз болои ҳукм ба Суди Олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

— Прокурор барои зерҳимояи ман 28 соли маҳбас талаб кард. Судяи парванда Маҳмудзода Зубайдулло ҳукмро 25 сол эълон кард, вале бо дастрасии қонун дар бораи авфи соли 2016-ум аз чор як ҳиссаи ҷазо кам карда шуда, дар умум иҷрои ҳукм ба 18 сол расонида шуд, — гуфт адокат Ш.Қарахонов.

Муфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон Салимзода Восеъ Саид, ки тафтиши мунсифонаи ин парвандаро анҷом додааст, дар суҳбат бо мо гуфт, ҷинояти куштори ду нафар аъзои оилаи Насриддиновҳо аз деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддини ноҳияи Панҷро бо роҳи заҳролудсозӣ келини хонавода Ҳимматова Моҳпора соли 2014-ум бо мақсади аз худ кардани манзили истиқоматӣ анҷом додааст. Аз рӯи маводҳои дар парванда ҷойдошта, Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевна сокини деҳаи Турдишайхи ҷамоати деҳоти “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ буда, аз рӯзҳои аввали оиладоршавӣ бо Насриддинов Мирзошои 38-солаи сокини деҳаи Пахтакори ноҳия ва наздикони ӯ хусумат пайдо кардааст. Ба гуфтаи муфаттиш, заҳролудсозиро маҳкумшуда пай дар пай, чанд маротиба анҷом додааст.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванд Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевна, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо гумони куштори бародари шавҳараш — Насриддинов Мирхӯҷаи 36-сола, духтарчаи 2-солаи ӯ НасриддиноваТаҳмина ва заҳролуд сохтани 30 нафар афроди пайванд ба ин оила дар соли 2014 хабар дода буд.

Шамсулло Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here