Дар байни маҳсулоти содиротии Тоҷикистон талаботи кишварҳои хориҷа ба зардолуи хушки минтақаи шимоли Тоҷикистон – шаҳрҳои Исфараву Конибодом аз ҳама зиёд аст.

Ин нуқтаро раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода 15-уми июн зимни нишасти матбуотӣ баён намуд. Тавре мавсуф иттилоъ дод, новобаста аз паҳншавии бемории коронавирус ва маҳдудиятҳои рафтуомади нақлиёт дар шашмоҳаи соли 2020 ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистон мисли солҳои қаблӣ аз рӯйи нақша иҷро гардидааст.

— Аз Тоҷикистон асосан меваи хушк, афшураи мева, нӯшокиҳо ва сабзавот ба кишварҳои ҳамсоя ва Аврупо содирот шудаанд, — таъкид намуд Ҷамшед Ҷумъахонзода. – Палатаи савдо нақша дорад, ки дар оянда намояндагии худро дар кишарҳои Русияву Украина ва Қазоқистон боз кунад, то соҳибкорон тавонанд дар ин кишварҳо фаъолияти худро дуруст ба роҳ монанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here