Роҳбарияти Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯянд, сар аз якуми августи соли равон санҷиши аудиториро дар ширкати “Барқи тоҷик” оғоз хоҳанд кард ва пас аз якуним моҳ натиҷаҳои санҷишро ироа хоҳанд дошт.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Палатаи ҳисоби кишвар Қарахон Чиллазода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, нақшаи ҳама гуна санҷишҳо аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда мешаванд ва аз соли 2013 инҷониб дар ширкати мазкур санҷиши аудитӣ гузаронида нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ширкати “Барқи тоҷик” аз ҷумлаи қарздорони бузург дар назди Кумитаи андоз аст ва қарзи он ба беш аз 20 миллиард сомонӣ баробар дониста мешавад. Аммо роҳбарияти ширкати мазкур сабаби қарзҳояшонро сари вақт пардохт нашудани маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби шаҳрвандон мегӯянд.

Добавить комментарий