Палатаи ҳисоби кишвар дар шаш моҳи соли равон дар вазорату идораҳо, марказ ва гуруҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 111 назорати молиявӣ гузаронида, ба маблағи 89 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардааст.

Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода имрӯз, 16-уми июл, дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар ин давра назар ба ним соли гузашта 45 адад аудит камтар гузаронидаанд, вале зарари молиявӣ ошкоргардида 631,7 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Чиллазода гуфт, Палатаи ҳисоб ҳамасола нақшаи чорабиниҳои назоратии худро дар мувофиқа бо Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҳия мекунад ва он аз ҷониби Президенти кишвар тасдиқ мегардад.

Ба иттилои роҳбарияти Палатаи ҳисоб, дар шаш моҳи соли равон дар сохторҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 479 ҳазор сомонӣ, Вазорати маориф ва илм 15 миллион сомонӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав 1,9 миллион сомонӣ, Хадамоти гумрук 3,6 миллион, Кумитаи андоз, 1,1 миллион сомонӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 178 ҳазор сомонӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист 218 ҳазор, Кумитаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 367 ҳазор сомонӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ 686 ҳазор, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 198 ҳазор, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 104 ҳазор, Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ 2,5 миллион, Агентии авиатсияи гражданӣ 2,3 миллион сомонӣ, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” 105 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби риоя нагардидани қонунгузории андоз, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ ва зарарҳои молиявӣ ошкор карда шуда, ба буҷети давлат баргардонида шудаанд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, дар нимсола аз ҳисоби маблағҳои қарзии ба таъхирафтодаи Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” 16,7 миллион сомонӣ ба фоидаи Бонк барқарор карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here