Чанде пеш дар ВАО иттилое нашр шуд, ки дар шаҳри Харбини Чин гуруҳи ҷарроҳони мағзу асаб ба амалиёте даст заданд, ки гушношунид буд. Онҳо сари як одамро ба тани дигар пайванд карданд.
Ҷарроҳ Серҷио Канаверо ин амалиётро шарҳ дода гуфтааст, ки ҳамааш мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда амалӣ шудааст.
Номи ин ҷарроҳ ҳанӯз соли 2015 дар тамоми ҷаҳон садо дода буд. Вай арз карда буд, ки соли 2017 амалиёти пайванди сари одамро мегузаронад. Бисёриҳо ин арзи ӯро ташвиқу тарғибе беш намедонистанд, аммо баъдтар ҳамаи расонаҳои ҷаҳонӣ иттилоъ доданд, ки сари одам дарвоқеъ пайванд карда шуд.
Рост аст, ки алҳол сар ба ҷисми беҷон пайванд карда шудааст. Ҷарроҳӣ 18 соат идома кардааст. Ҷарроҳон тавонистаанд, ки сутунмуҳра, рагҳои хунгард ва асабҳоро пайванд кунанд. “Акнун навбати пайванди пурра аз донори мағзи мурда аст”, — гуфтааст Канаверо ба журналистон.
Ин мутахассис гуфтааст, ки амалиёт дар Чин гузаштааст, зеро пизишкони аврупоӣ ва амрикоӣ ин ҷарроҳиро ғайриахлоқӣ донистаанд.