Аниса ва Мадина, ки яке 16 ва дигаре 13 сол дораду рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бедарак шуданд, аз ҷониби кормандони милитсия пайдо карда шудаанд.

Дар ин иттилои ВКД ҶТ дар бораи ба куҷо рафтани ин духтарҳо маълумот дода нашудааст, аммо гуфта шудааст, ки онҳо ба оворагардӣ машғул будаанд: «Аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғон Анисаи Ашуралӣ соли таваллудаш 2001 ва Мадинаи Ашуралӣ соли таваллудаш 2004, сокинони шаҳри Душанбе, ки ба оворагардӣ машғул буданд, дарёфт гардида ба падару модарашон баргардонида шуданд».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here