Телевизиони вилояти Хатлон, ки солиёни дароз мушкилии фарогирии мавҷи он дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷой дошт, ба моҳвора пайваст шуд ва рӯзҳои наздик ба пахши дақиқияташ баланд — формати HD мегузарад

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баъди боздидаш аз фаъолияти Идораи телевизион ва радиои вилоят дар рузи матбуоти тоҷик  ваъда дода буд, ки  750 ҳазор сомонӣ барои харидории таҷҳизоти муосири телевизионӣ ҷудо хоҳад кард.

Раиси вилоят ба ваъдааш вафо кард ва маблағ барои таҷҳизоти муосир ҷудо карда шуд.

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, ки дар ҷамъбасти нуҳ моҳи фаъолияти телевизион ва радиои Хатлон иштирок кард, гуфт  бо ёриву дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муддати ду моҳ мешавад, ки шабакаҳои телевизионии “Хатлон” ва “Кӯлоб” тариқи моҳвора барномаҳои худро манзури бинандагон мекунад.

Роҳбари Идораи телевизион ва радиои Хатлон Соҳибназари Муҳамади Ғоиб гуфт, ки  таҷҳизот дастрас гардид ва аз аввали  моҳи ноябри соли ҷорӣ барномаҳои телевизиони “Хатлон” бо формати пахши дақиқияташ баланд, яъне HD, ба эфир мебарояд.

Муовини раиси вилоят дар ҷаласа аз намояндагони васоити ахбори омма даъват кард, ки ба ҳар рӯйдоду воқеаҳои олам вокуниш нишон диҳанд ва маводҳои таҳлилиро таҳия ва пешкаш созанд. Дастур дода шуд, ки роҳбарияти идораи болозикр баҳри беҳтар кардани сатҳу сифати барномаҳо ва баланд бардоштани дараҷаи касбияти кормандони эҷодиву техникӣ тадбир андешанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here