Пас аз анҷоми мусобиқаи ситораҳои ҷудо дар Қингдаои Чин рейтинги нави ин намуди варзиш дар сатҳи ҷаҳон ва барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр гардид.

Варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни -90кг дар мусобиқаи мазкур ҷои панҷумро ишғол кард, аз ҷои 35-ум ба зинаи 22-юми радабандии олимпӣ баромад, вале дар радабандии ҷаҳон як зина паст – аз ҷои 18-ум ба 19у-м фуромад.

Паҳлавони дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг ду зина боло шуда, дар ҷои 22-юм мавқеъ гирифт. Ӯ дар мусобиқаи Қингдао дар даври аввал пирӯз гардида, дар даври дуюм мағлуб гашт. Мавқеаш дар радабандии ҷаҳон як зина боло ба зинаи 26 баромад.

Мавқеи Хоҷазода Беҳрӯз (-73кг), ки низ як ғалаба ба даст овард, тағйир наёфт. Ӯ мисли пешин дар ҷои 19-ум аст. Дар радабандии ҷаҳонӣ низ мавқеаш дар ҷои 20-ум бетағйир монд.

Сомон Маҳмадбеков (-73кг), ки низ як пирӯзӣ ба даст овард, аз зинаи 12-ум ба 13-ум фуромад. Дар радабандии ҷаҳон низ як зина паст ба ҷои 18-уми рафт.

Мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли 2019 ба анҷом расид. То анҷоми марҳилаи интихобии олимпӣ – 1 июни соли 2020 – 9 мусобиқа аз силсилаи сабқатҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо ва чемпионати ҷудои Осиё ба нақша гирифта шудааст. Аввалин мусобиқаи соли 2020 Гран Прии Тел Авив мебошад, ки аз 23 то 25-уми январ баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа иштироки 7 варзишгари мо дар назар аст. Мусобиқаи ситораҳои ҷудо, ки аз 28 то 30-юми май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад, охирин ба ҳисоб хоҳад рафт.

1 июни соли 2020 Федератсияи байналмилалии ҷудо радабандии олимпиро нашр мекунад, ки 22 нафари беҳтарини ҳар вазн (бо дарназардошти аз ҳар КМО як варзишгар) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here