Аз 14-ум то 15-уми декабри соли 2019 дар вилояти Навоии Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмиллалӣ дар намуди карате-киёкушинкай баргузор гашт, ки дар он намояндаи Тоҷикистон ширкати фаъол дошт.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баёналмилалӣ паҳлавони Тоҷикистон Нусратшоҳи Яздонӣ ширкат кард ва сазовори мақоми аввал гардид.
Нусратшоҳ пас аз пирӯзӣ дар суҳбат бо расонаҳои хабарӣ гуфт: “Чун Суруди миллии кишварам садо дод, ашки шодӣ аз чашмонам беихтиёр ҷорӣ шуд”.
Саидамадзода Муҳайё